Зоҳир Ҳасанзода... Ин ном на танҳо барои рӯзномахонони ноҳия, балки тамоми Ӯзбекистон ва хориҷи он азизу арҷманд аст. Воқеан, фаъолияти рӯзноманигорӣ, публисистию нависандагии ӯ ним асри охирро фаро мегирад, ки шоёни таҳсину арзёбист. Зиёда аз даҳ китобҳои ба табъ расидаи адиби нобукбаён бо ҳикоя, очерк, фелетон, повест, новелла, эссе ва қиссаҳои муассир мураттаб ёфта, мухлисони зиёд пайдо кардааст.
Зоҳир Ҳасанзода асосан ба мавзӯъҳои доғи айём ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, бо маҳорат ва услуби хоси нигориш доди сухан медиҳад, аз ибора ва мақолҳои халқӣ фаровон истифода мебарад, зеро ӯ барҳақ, шогирди устодони сухани бадеъ Ҳасан Ирфон, Шодон Ҳаниф, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Насриддин Зайниев, Акбар Усмонов ва дигарон мебошанд.
Журналист ва нависандаи ҳақиқатнигор З.Ҳасанзода дар майдони матбуоти миллии мамлакат мақому мартабаи устувор дорад. Навҷӯиву навгӯӣ мароми зиндагии ӯст. Муаллифи сермаҳсули рӯзномаи дузабонаи ҳокимияти ноҳия "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" З.Ҳасанзода имрӯзҳо баҳори ҳафтодуми умри пурмазмуни худро дар ҳалқаи ёру ҳамдиёронаш истиқбол мегирад. Мо, гурӯҳи дӯстону ҳамсафон соҳибҷашни муборизу ҳақиқатпарварро самимона муборакбодӣ намуда, аз Худованди карим умри саъдиёна, рӯзгори пурфайзу бобарака ва саломатии бардавом таманно дорем.
Фарзанди ватан, шукӯҳи миллат бошӣ,
Шоистаи ифтихору иззат бошӣ.
Ҳар ҷо ки равӣ, зи ҷон ба сар бардоранд,
Тимсоли вафову меҳру ҳиммат бошӣ.
Маркази милливу фарҲангии тоҶик ва тоҶикзабонони вилояти самарҚанд,
Ҳайъати таҲрири рӮзномаи «гулобод тонги»
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.