
Дар замонҳои қадим рӯзе бо тақозои тақдир рӯи Заминро об зер мекунад. Авфи маҳв гардидани тамоми ҷонзодон пеш меояд.
Худои мутаол ба яке аз Пайғамбарони худ - Нӯҳ мефармояд, ки барои зинда мондани тамоми ҷонзодон ҷуфт-ҷуфт ба киштие савор карда, ба ҷойҳои дурдасттарини хушкӣ бибарад, то наслҳои онон зинда монанду ҳаёту зиндагӣ давом ёбад.
Пайғамари Нӯҳ мавофиқи дархости Худо тамоми ҷонзодонро ба киштии азимҷуссае савор карда, ба роҳ мебарояд.
Роҳи баҳрӣ ниҳоят пурхавфу мушкил буд, ҳар замон обхезӣ ба амал омада, киштиро гӯё фурӯ мебурд. Киштинишастагон бо сабру таҳаммул ба пеш, ба сӯи қуллаи мақсуд ҳаракат мекарданд.
Иттифоқо дар киштӣ мушаке низ тасодуфан савор шуда буд. Чун касбаш хоидан буд, ҷои обдарои киштиро хоида, шикоф мекунад. Оби тунду тези баҳр фавворасон ба дохили киштӣ ҷорӣ мегардад. Хавфи дар оби калони шӯр ғарқ гардидани тамоми ҷонзодон афзун мегардад.
Пайғамбари Нӯҳро боз ғаму ташвиш фаро мегирад. Чӣ бояд кард? Ҳамин вақт мори калоне аз куҷое пайдо шуда, кулча заду даҳони сӯрохро маҳкам кард. Бо ин амалаш мор ҷони бисёр ҷонзодонро аз хавфу хатар эмин нигоҳ дошт, вале муваққатӣ...
Пайғамбари Нӯҳ, ки инро аз дур мушоҳида менамуд, бар ивази подоши хизматҳояш аз мор мепурсад:
- Барои ин ҷасорат аз ман чӣ мехоҳӣ, бигӯ?
Мор барои қонеъ намудани нафси худ айёрона забон кушод:
- Иҷозат бидеҳ, то ширинтарин хуни ҷонваронро бинӯшам.
Пайғамбари Нӯҳ зуд бо мулозимони худ маслиҳат намуда, ниҳоят ба занбӯр мефармоянд, ки хуни ҷонваронро бичашад. Занбӯр зуд аз паси иҷрои супориш шуда, ҳамаро як-як чашида мебинад. Вай баъди макидани хуни чандин ҷонварон ба хулосае меояд, ки дар дунё аз ҳама хуни ширинтар азони одам аст. Занбӯр ин навиди хушро тезтар ба гӯши пайғамбари Нӯҳ расониданӣ шуда, парвоз мекунад.
Дар роҳ бо фароштурук вомехӯрад. Баъди гуфташунид парасту аз мақсад занбӯр огоҳ шуда:
- Канӣ, забонатро нишон деҳ, бинам, - мегӯяд.
Занбӯри содда бехабар аз мақсади парасту забонашро мебарорад. Фароштурук аз фурсат истифода бурда, забони занбӯрро қайчӣ мекунад. Ки занбӯр ғайр аз "ғинг-ғинг" дигар чизе гуфта наметавонад.
Онҳо ҳарду парвозкунон ба назди Пайғамбари Нӯҳ мераванд.
- Канӣ, бигӯй, хуни кадом ҷонзод аз ҳама ширинтар будааст?
Занбӯр ғингочзанон мақсадашро гуфта наметавонад. Пайғамбар аз ин рафтори занбӯр оташин мегардад. Ҳамин парасту ба сухан медарояд:
- Олампаноҳ, аз як чумча хунам гузар кунед, то суханони занбӯрро ба шумо фаҳмонам.
- Марҳамат, - мегӯяд пайғамбар, - аз як чумча хунат гузаштам. Занбӯр ин қадар ғингос зада, чӣ мегӯяд?
- Дар дунё ширинтарин хун азони қурбоққа аст, мегӯяд!
Мор, ки дар ин муноқиша ҳузур дошт, бо як ҳамла думи фароштурукро канда гирифт. Чунки парасту аз рӯи зарурат дурӯғ мегуфт ва ҳамеша хайрхоҳи одамон буд.
Пағамбари Нӯҳ ҳамаи ононро ба ифоқа оварда, дар ин дунёи дурӯза аҳлона зиндагӣ кунед. Нону насиба ба ҳамаи мо мерасад. Аҳл бошем, тамоми корҳо саҳл мешаванд. Акнун пароканда шаведу ҳар кадом аз паи кори худ шавед. Ҳоло манзил дур аст, ки бояд дигар мушкилотро бартараф намоем...
Баъди ҳамин сухани Пайғамбари Нӯҳ тамоми ҷонзодон аҳлона киштии сӯрохшударо таъмир карда, боз ба роҳ даромаданд. Ба манзили пешбинишуда сиҳату саломат расида, зиндагиро аз нав аҳлона давом доданд.
Аз ҳамон замон инҷониб занбӯр безабон гашта, ғингос мезадагӣ шуд.
Барои мор беҳтарин ғизо гӯти қурбоққа гашт.
Парастуи бечора бо думи қайчишуда, то ҳол ба одамон содиқу бовафо монда, дар кодокҳои айвонҳои онон лона месохтагӣ шуд. Одамон ҳам чун рамзи дӯстӣ парастуҳоро ба хонаҳои худ ҷой медодагӣ шуданд.
Таҳияи Солеҳ САИДМУРОД.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.