Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚОНУНИ ТӮЮ МАЪРАКАОРОӢ БА ЧӢ ХИДМАТ МЕКУНАД?

Қонуни мазкур ба тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ӯзбекистон равона гардидааст.

Он тӯю маъракаҳое, ки солҳои пеш сурат мегирифт ба монанди маъракаи фотеҳатӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, талбон, ноншиканон, ошхӯракон, рӯбинон, ҷашн гирифтани зодрӯз ва монанди инҳо ба буҷети оила бисёр зарар мерасонид. Бисёр хуб шуд, ки ҳамаи ин аз тарафи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев, бо қарори махсусу якҷояи Парламенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба танзим дароварда шуд. Ҳама гуна кору амали мо танҳо маҳсули тафаккури худи мост. Аз ин мебарояд, ки агар ба гузаштаи зиндагии худ нигоҳ кунем, эҳсос мекунем, ки солҳои зиёд чи амалҳои беҳикматеро дар рӯзгорамон роҳ дода будем. Ва имрӯз мардуми бомаърифат ва бофарҳанг дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми давлатиро роҳандозӣ намудааст.
Расму ойин яке аз тарафҳои муҳими ҳаёти оила аст. Тӯй воқеияти рамзии тавлиди низоми хурди ҷамъиятӣ, яъне оила маҳсуб меёбад.
Махсусияти маданияти суннатии самарқандиён, ба мисли халқҳои дигари кишварҳои мусалмонӣ, аз арзиш ва меъёрҳои дини мубини Ислом маншаъ мегирад, ҳарчанд, ки таъсири он дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ баробар намебошад.
Халқҳои гуногуни мусалмон аз рӯи расму оин дар шароити этникӣ - иҷтимоии давлатӣ ё кишвари муайян фарқ мекунанд. Чунин тафовут, ки қисман аз давраҳои тоисломии мероси мадании самарқандиён сарчашма мегирад, дар тарзи зиндагӣ дар тӯли инкишофи таърихии мамлакатҳо устувор мемонад. Шароитҳои мухталифи таърихи сабаби асосии махсусияти маданияти мардумӣ мегардад.
Расму ойини оилавӣ аз ҷумлаи рукни муҳими маданияти миллӣ ба шумор меравад, ки асолати худро устувор нигоҳ медорад. Мутахассисон маросимҳои муайянеро дар робита ба тавлиди кӯдак (гаҳворатӯй, гаҳворабандон, номгузорӣ, хатнатӯй, инчунин хонадоршавӣ ва вафотро аз шаклҳои асосии расму оини оилавӣ шуморидаанд.
Анъана ва маросимҳо қабл аз ҳама бо фаъолияти меҳнатии мардумон алоқаманд буда, вобаста ба ҳамин махсусияташон онҳо виҷагиҳои тақвимӣ касб кардаанд. Расму оинҳои тақвимӣ бошад ба идҳо марбутанд. Аз қадимулайём идҳо қисмати ҷудонопазири ҳастии ҷамъиятӣ, нахустин шакли маданияти мардумӣ маҳсуб гардида, худи калимаҳои "ид", "ҷашн" маънои фориғ будан аз заҳмат ва зистан дар хушнудиро дорад. Бо ибораи дигар, ид вақти холӣ доштанро ифода намуда, расму ойин бошад, фаъолияти одамонро дар ҷараёни чорабиниҳои муайян инъикос менамояд. Мураккабӣ ва серпаҳлӯгии идҳо ҳамчун қисмати ҷудонопазири маданияти исломӣ дар гуногунмазмунии онҳо таҷассум пайдо мекунад.
Ҳолати муҳими дигаре низ вуҷуд дорад, ки бояд ба он ишорат намуд, яъне тадқиқотҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо мафҳуми расму ойин бо одоби муошират (этикет) ҳаммаъно ҳисобида мешавад. Одоби муошират ҳамчунин бо фаъолияти меҳнатии аъзои ҷамъият марбут аст. Аз ин рӯи муносибати халқҳои Осиёи Миёна нисбат ба шуғли одамон ягона намебошад. Масалан, молпарварон ба деҳқонон таваҷҷӯҳ надоштанд. Ҳамчунин, тафовути шуғлӣ аз рӯи аломатҳои ҷинсӣ ва синнӣ низ вуҷуд дорад. Чунончӣ, касби санъаткорӣ чун анъана шуғли боэътибор ҳисобида намешуд. Баракс, мардуми Шарқ шуғли динӣ, маъмурӣ, ҳарбӣ, савдо, ҳунармандӣ, деҳқонӣ, суханварӣ ва амсоли инро касби бошараф мешумориданд.
Қобили зикр аст, ки халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон то Инқилоби Октябр дар шароити дур аз индустриякунонӣ, вусъати техникӣ, аз рӯи одатҳои анъанавӣ-динӣ ҳаёт ба сар мебурданд.
Ҳамин тавр, мо бо нишон додани расму оинҳо ҳамчун силсилаи муносибатҳои суннатӣ шурӯъ кардем. Нерӯи суннатҳои мардумӣ ба дараҷе қавист, ки таомули расмиро ҳатто бошандагони микроноҳияҳо, маҳалаҳои навбунёд, ки сокинонаш аз гӯшаву канори кишвар омадаанд, маҳфуз медоранд.
Агар расму ойини тақвимӣ ва меҳнатӣ хосияти муттасилӣ дошта бошад, маросимҳои оилавию авлодӣ аз лиҳози вақту ҳангом ва андоза озоданд. Русуми мардумӣ решаҳои қадимаи тоисломӣ дошта, дар баробари ин, дар тӯли асрҳои минбаъда ба таҳаввулот дучор омадаанд.
Ҳамин тавр, низоми ягонаи тақвимӣ, миллӣ ва касбию соҳавӣ дар кишварамон ба низоми ягонаи иду ҷашнҳои милливу динӣ ба расмият дароварда шуданд.
Дар рафти суханронӣ Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев қайд намуданд, ки мақсади камхарҷ намудани маъракаҳо аз байн бурдан ва барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ нест, балки раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассуби ҳурофотпарастӣ аст, чунки дар ҷомеа равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ибтидо ва вусъат гирифтанд.
Маълум аст, ки вазифаи ҳар як расму ойин, суннат, ҷашну анъана инъикоси фарҳанги моддию маънавии миллат аст ва он бояд аз унсурҳои бегона тоза бошаду хусусияти хоси мардумиро байни ҷаҳониён дар ин замони ҷаҳонигардида зоҳир намояд.
Аммо баъзе аз маросиму маъракаҳо танҳо барои худнамоӣ хидмат мекунад.
Дар баромади хеш Сарвари давлатамон дар ҳамаи ҷабҳа, соҳа ва равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: хоҷагии қишлоқ, саноат, илм, фарҳанг, иҷтимоиёт таҳлили аналитикию оморӣ ва иқтисодии ҳамаи қишрҳои ҷомеаро бо санад, далел ва рақамҳои оморӣ таҳлил намуда, тағйиротҳои назаррасро дар рушду нумӯи мамлакат, то оилаю шахсони алоҳида, хусусан оилаҳои камбизоат инъикос намуданд. Таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданро баҳри пеши роҳи хурофотпарастӣ, зоҳирпарастиро гирифтан чун вазифаи муқаддаси падару модар, давлат, ҷомеа ва оила вазифагузорӣ намуданд.

Ҳоҷӣ Вафо ЭШОНҚУЛОВ, сарвари нурониёни
маҳаллаи Чоршанбе


Последнее редактирование: 08/01/2020 17:03;   Просмотров: 769
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку