Дар Ӯзбекистон баҳри тақдир намудани меҳнати ҳунармандон, барои фаъолияти самарабахши онҳо асосҳои зарурии ҳуқуқӣ, имконият ва имтиёзҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар шаҳру ноҳияҳо шӯъбаи Иттиҳодияи "Ҳунарманд" фаъолият дорад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳифз мекунаду дар сафи худ ҳазорҳо устоёнро муттаҳид намудааст. Дар бораи имтиёзу имкониятҳои ҳунармандон мо бо раиси шӯъбаи ноҳиявии Иттиҳодияи "Ҳунарманд" Одил ИСМОИЛОВ ҳамсӯҳбат шудем:
- Санъати ҳунармандӣ қисми ҷудонопазири бисёр ҷанбаъҳои рӯзгор ба ҳисоб меравад...
- Дуруст гуфтед. Чӯбкорӣ, гаҷкорӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, созгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ ҳазорсолаҳо таърих дошта, дорои мактаб ва анъаноти эҷодии ба худ хос, намояндагони маъруф мебошад. Дӯзандаи либосҳои миллӣ Нигора Раҳимбобоева, кулол Бобомурод Ҳайдаров, мисгар Маъруф Тоҳиров, кандакорон Толиб Шокиров ва Комил Зоҳидов аз ҳунармандони шинохтатаринанд. Зардӯзон Шавкат Зоҳидов ва Муҳаббат Каримова дар озмуну намоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриятиву байналхалқӣ иштирок кардаҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Ҳатто хориҷиён ба ҳунари онҳо баҳои баланд медиҳанд. Маҳсулоти санъати амалӣ ва ҳунармандии бадеии бисёр, ки аз ҷониби устоёни моҳир офарида шудаанд, дар бисёр музейҳои машҳури ҷаҳон нигоҳ дошта мешаванд.
- Шояд аз ҳамин сабаб соҳибони бисёр усулҳои ин санъати ноёб, пайрав ва ворисони ҳунармандони боистеъдоди онҳо, ҳамеша сазовори эҳтироми мардум гардида, бо номҳои "усто", "устозода" мушарраф гаштаанд...
- Албатта. Барои аксари ҳунармандон касби бобоӣ аст. Ҳоло низ анъанаи устоду шогирд давом дорад. Алҳал 250 нафар аъзои шӯъбаи ноҳиявии Иттиҳодияи "Ҳунарманд" мебошанд. Аз инҳо 36 нафар бонувонанд. Барои аз ҳар ҷиҳат инсонҳои комил шудани фарзандонамон, асрори санъати амалии халқиро хуб донистанашон ба онҳо баробари илмҳои замонавӣ дар ин бобат низ имкониятҳои зиёд фароҳам меоварем.
- Ҳунармандӣ дар бобати ташкил намудани ҷойҳои нави кор, ба кори муфид ҷалб намудани ҷавонон, равнақ бахшидани сайёҳӣ низ манбаи имкониятҳои калон ба шумор меравад. Дар бораи имтиёзҳо низ сухан мегуфтед.
- Имрӯзҳо барои ҳунармандон имтиёзҳои зиёд мавҷуд аст. Барои аъзоёни Иттиҳодияи "Ҳунарманд" аз ҷониби бонк ба муддати якуним сол кредити боимтиёзи 12 фоиза ба миқдори то 55 миллион сӯм тақдим карда мешавад. Инчунин, барои хариди асбобу ускунаҳои ҳунармандӣ микрокредити 7 фоиза ҷудо карда мешавад. Бояд гуфт, ки ҳунар соҳибҳунарро ба муроди дил мерасонад. Ҳунарманд ҳамеша хушбахту хонаобод аст.
- Барои сӯҳбат ташаккур.
Мусоҳиб
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.