Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОБРӮВУ ЭЪТИБОРИ КУЛБАИ ПОЁН

- Масъудбобо дар маҳаллаи мо калону гаронандеш, соҳиби иззату икроми барҷаста, маслиҳатгари зукко буданд, - ҳангоми маросими дафн дар сари турбати профессори мӯҳтарам Масъуд Аҳтамович .Аҳтамов иброз дошт раиси нурониёни маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Самарқанд Маҳмудҷон Амриддинов

- Халқи бисёрҳазорнафараи Ҷамоати деҳоти Кулбаи поён дар симои Масъуд Аҳтамов аз шахси бузург, обрӯву эътибору забони дарози мардум, фарзанди фарзона ҷудо гашт, - ашки дида рехт Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон устод Насруллоҳ Убайдӣ.
Барҳақ, тағои азизи мо, яке аз бародарони модари шодравонамон Зулфиябибӣ Аҳтамова - Арбоби хизматнишондодаи фанни Ӯзбекистон, Ходими хизматнишондодаи ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон, доктори фанҳои тиб, профессор Масъуд Аҳтамович Аҳтамов 12-уми июни соли 1931 дар деҳаи Кулбаи поёни ноҳияи Самарқанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадаанд. Фаъолияти меҳнатии худро дар даври Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз соли 1943 оғоз намудаанд. Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда аввал ҳамчун колхозчӣ ва пас аз анҷоми ҷанг бо қарори ҳокимияти маҳаллӣ дар фронти меҳнат фаъолияти пурсамар бурдаанд.
Соли 1947 мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултети табобатии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд дохил шудаанд. Пас аз хатми он , бо тавсияи маъмурияти донишкада аз рӯйи равияи микробиологияи тиббӣ ба аспирантура дохил шудаанд. Тахти роҳнамоии роҳбари илмии худ, Арбоби хизматнишондодаи фанни Ӯзбекистон, профессор Ф.И.Шевченко тадқиқоти илмӣ бурда, диссертатсияи илмии номзадиро ҳимоя кардаанд. Аз соли 1956 чун ассистенти кафедраи мазкур ва аз соли 1961 ҳамчун дотсенти кафедра фаъолияташонро давом додаанд. Соли 1966 барои гирифтани унвони илмии доктори фанҳои тиб кори илмии худро ҳимоя намудаанд.
Дар давоми солҳои 1970-1995 ба сифати мудири кафедраи микробиология, вирусология ва иммунологияи Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд меҳнат кардаанд. Бо корҳои илмӣ, педагогӣ ва ҷамоавии худ на танҳо дар мамлакат, балки дар давлатҳои ҳамдӯстӣ низ шинохта шудаанд.
Профессор М.Аҳтамов муаллифи беш аз 220 корҳои илмӣ мебошанд. Аз ҷумла, барои донишҷуёни донишкадаҳои тиб китобҳои хонишӣ, маҷмӯаҳои услубӣ, тавсияномаҳои адабӣ ва беш аз 10 адад рисолаи илмиро навиштаанд. Дар давоми фаъолияти худ 17 нафар номзади фан ва 2 нафар доктори фанро тарбия кардаанд. Чанд сол чун декани шӯъбаи субординатура ва интернатура, сипас, ҳамчун проректори донишкада доир ба корҳои илмӣ кор бурдаанд.
Солҳои 1991-1995 раиси ҷамъияти «Дониш»-и шаҳри Самарқанд, солҳои 1970-1990 сарвари ҷамъияти илмии шифокорони микробиолог, эпидемиолог, инфексионист, паразитолог ва гигиенист-санитарии вилояти Самарқанд буданд. Инчунин, дар давоми солҳои 1970-1995 фаъолияти комиссияҳои назораткунандаи корҳои хонишӣ-услубӣ ва илмӣ-муаммовии фанҳои мансуби гигиении ходимони кафедраҳои донишкада ва кори комиссияи режими назди кумитаи иҷроияи вилояти Самарқандро назорат кардаанд. 15 сол аъзои кумитаи ҳизби донишкада, депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд буданд. Солҳои дароз чун аъзои Шӯрои махсуси илмии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Самарқанд ва Донишкадаи тадқиқоти илмии ветеринарияи Ӯзбекистон фаъолият намудаанд.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ барои тамоми пайвандон, сулолаи бузурги Аҳтамовҳо, бахусус фарзандони тағои шодравонамон Машҳуракаи тадбиркор, Замирабону ва Ҷамилабонуи шифокор, наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳем.

Аҳли хонадони УЗОҚОВҲО, маҳаллаи Андиҷонӣ


Последнее редактирование: 05/02/2018 13:44;   Просмотров: 1261
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку