Дуруст аст, ки имрґзµо нархи обунаи рґзномаву маїаллаµо хеле боло рафтааст. Ва на µама µам имкони обунаи онро дорад.
Бале, саµифаµои фейсбуку телеграмму истаграмм ва каналµои махсуси хабаррасонии расонаµои иїтимоии телефонє ба мардум навидµоро бо суръати баланд мерасонанд.
Мо мардуми хеле камµафсала шудаем. Ваіти худро бо гапфурґшє, гаштакбозє, Іайбатшунавє мегузаронем.
Ба іавли маърифатпарвари бузург Маµмудхоїа Беµбудє маблаІи бо ранїи зиёд ба дастовардаи худро іурбони маъракабозє, ба урфу одатµои іадима µамроµ кардани µар гуна харїи безеб аз їумлаи дастархонороии бодабдаба, чизмонии нестандарїаµон, шикампарварии аблаµона исрофкорона сарф мекунем. Кас ба хаёл меравад. Агар як навъи µамон хґрокро барои садµо нафар тґйхґр кам кунем, ба µамин іадар кас рґзнома ва китоб таідим намудан мумкин. Аммо агар ин фикрро ба соµибтґй ё каллаїунбонµои "маслиµатгар" баён созед, аз шумо девонаи тайёр месозанду мемонанд. Маµз барои µамин іисми муайяни, фарзандони мо µаракати назаррасе ба сґи маънавияти воло надоранд.
Ваіте деµіон мебинад, ки киштааш ба кандан расидааст, мавсими картошкаканиву сабзиканє, їуворидаравиву пиёзчинє эълон мекунад. БоІбон µам аз паи Іундоштани себу ангур, шафтолуву зардолу, анору анїир мешавад. Аз тарбузу харбуза соµиби полез соли дароз фоида мебинад. Чаро мавсими обуна ба рґзномаву маїаллаµо µам ба дараїаи µосилІундорє авїу барор надорад?!
Гумон мекунед, ки аз пахтаву меваву сабзавот фоида µасту аз газетхонє нест? Агар амбори хонадон аз Іаллаву меваїот пур бошаду хирмани калла холє, чє нафъ аз он зиндагє? Дар хонадоне, ки маънавият нест, адабиёт нест, чє гуна шахсон тарбият меёбанд? Духтаре ё наврасе, ки аз хондану навиштан лаззат намебарад, ба µирси пулу молу чизи дунё меафтад. Халтачаµои донишомґзии фикри ґ бо нафс пур мегардад. Чашмони дурбини µарфчину Іоябини вайро µамин µою µавасµои рґякиву пучи падару модараш кґр мекунад. Акнун гґед, ки аз вай дар оянда чиро интизор шудан мумкин? Оё µамин духтарак пагоµ µамчун модар ба їамъият фарзандони ноіобил тарбият намекунад? Ґамин писараки мґдпарасту бедониши имрґза дар оянда фарзанди бадониш, ки дархґри халіу ватан бошад, тарбият карда метавонад?
Рґзе яке аз дґстонам аз ман илтимос кард, ки барои дар синфи русє таълим гирифтани фарзандаш кґмак кунам. Гуфтам, ки дар оянда фарзандатро дар кадом маіом дидан мехоµє: дипломат ё забоншиноси моµир?
- Ґе, дипломаташ чию забоншиносаш кє? Забони русиро наІз донад, агар ба Россия рафта кор кунад, дар намемонад.
Ман ин їо ошнои худро айб карданє нестам. Ґоло µолат іариб дар µама хонадонµо ба µамин поя аст. Ин аз дур будан бо маънавият далолат медиµад. То дар хонадон муµити адабу маънавият набошад, фарзандонамон орзуи мардикор, малайи дигарон шуданро беорона ба худ ба іавле эб дидан мегиранд. Наход мо, ки садµо алломаву нобиІаµо дорем, имрґз аз хизматгории хоїаµои хориїє ифтихор намуда, боз фарзандонамонро на ба роµи мутарїимиву їаµондонє ва забондонє, балки барои мутеи дигарон ба камол расидан тарбият кунем?!
Боз онµое, ки дар сафари хориїє µастанд, бо заµмати зиёд пул мефиристанд, баъзан танµо барои тґю маъракагузаронє сарф мекунем. Ґатто дар он їашну сурµо худи мусофирони заµматписанд иштирок намекунанд. Аз сабти видео мебинанд, ки зану фарзандонашон, баъзан шавµару бачаµояшон чє гуна пулµояшонро пеши пои касу нокас мерезанд. Наход алам намекарда бошад?!
Хулоса, рґзнома ягона воситаест, ки мардумро аз ин балои бад наїот медиµад. Обуна барои рґзномаи "Гулобод тонги"-и ноµия ба µар яки мо амри виїдон, ору номус хоµад буд. Барои он, ки насли имрґз ифтихор аз худу аз їадди худ дошта бошанд, бояд рґзнома хонанд, ба он обуна шаванд. Ин аст фикри ман, шумо ба ин чє мегґед, µамдиёрони азиз?
Дилрабо НАСИМЄ,
Аълочии таълими халіи
Їумµурияти ¤збекистон.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.