Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар давоми фаъолияти худ барои манфиати халқи Ӯзбекистон бисёр ғамхориҳо мекунанд, ки хурду калон миннатдоранд.
Хусусан, нафақахӯрон, ки солҳои зиёд барои ободиву ривоҷу равнақи Ватани худ, фаровонии зисту зиндагонии халқ, тинҷиву осоиштагии мардуми шаҳру деҳот софдилона меҳнат намуданду имрӯз бо дуои фарзанду наберагон машғуланд, аз сиёсату ғамхориҳои сарвари мамлакатамон хеле шоданд. Нафақаҳо дар рӯзи муайян дар маркази маҳалла оварда, ба соҳибонаш расонида мешавад.
Ба наздикӣ дар маркази хушбоду ҳавои маҳаллаи "Чаман" нишасти нурониён барпо гашт.
Пас аз сӯҳбати дӯстона оиди Муроҷиатномаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев, ки ба Маҷлиси Олӣ ва халқи Ӯзбекистон нигаронида шуда буд, хеле баҳсу мунозира ба амал омад. Аз рӯзномаҳои ноҳиявиву вилоятӣ қисм-қисм, аз ҳар ҷо хонда, таҳлилу маънидод карда шуд. Дар ин кор раиси маҳалла Файзулло Шарофов, раиси нурониёни маҳалла Ҳоҷӣ Адаш Ҳалилов, Ҳоҷӣ Шариф Муҳиддинов фаъолият нишон доданд. Дар охири сӯҳбат муаллими нафақахӯр Адаш Халилов дар хусуси падар, устод, ватан сурудҳои дилчасп иҷро намуд.
Нурониёни куҳансол Маҳмудҷон Зайниддинов ва Ҳоҷӣ Ғайбулло Зубайдуллоеви 84-сола ҳозиронро дуои нек намуда, ба Президенти халқпарварамон Шавкат Мирзиёев сиҳативу солимӣ, нерӯву қувват ва омади кор талабиданд.
Раҳматилло ШАРИФЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.