- Зодгоҳам - маҳаллаи Кафтархона пештар дар ҳудуди ноҳияи Самарқанд буд. Аз солҳои аввали нашри рӯзнома, ки аввалҳо номи "Шарқ тонги"ро дошт, обуна мешудам. Ҳоло низ агарчӣ шаҳриам, ба рӯзномаи "Гулобод тонги" обуна ҳастам. Зеро аз он бӯйи сарсабзии деҳот, ҷавонии умр меояд. Ман ба рӯзнома обуна шудам, шумо низ ба он нависонед, азизон.
Салим КЕНҶА, шоир
Зиҳӣ, эй дӯстам, "Субҳи Гулобод",
Дамад чун субҳдам "Субҳи Гулобод",
Дилам аз равнақи он мешавад шод.
Ба мо, ки муждаҳои нав расонад,
Бигӯям: - Бар ту садҳо офарин бод!
Зиҳӣ, эй дӯстам, "Субҳи Гулобод",
Саодат баҳри ту мустақилӣ дод.
Ту бо ду лафзи мо мисли Навоӣ,
Нависӣ қиссаи Ширину Фарҳод.
Ба рӯйи мизи ман "Субҳи Гулобод",
Варақ онро занам бо чеҳраи шод.
Зи ҳар як ҷумлааш илҳом гирам,
Барояш менамоям шеър эҷод.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.