Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАКТАБИ МОДАРШӮҲО ЗАРУР

Чанде пеш раиси кумитаи занону духтарони шаҳру ноҳияҳо аз нав таъин гардиданд. Зулфия Рафиева ҷонишини ҳокими вилоят, раиси кумитаи занону духтарони ноҳияи Самарқанд таъин шуд. Бо мақсади шинос шудан бо нақшаву мақсадҳои роҳбари нав бо Зулфия Рафиева ҳамсӯҳбат шудем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем:

- Бигӯед, ки барои ҳалли муаммои бонувон, ҳифзи иҷтимоиву барқарорсозии муҳити солим дар оилаҳо корро аз чӣ оғоз намудед?
- Бо мақсади омӯхтани муаммоҳо ва шунидани розу ниёзи бонувон дар маҳаллаҳо вохӯрӣ ташкил намудем. Аз ҷумла, дар маҳаллаҳои Андиҷонӣ, Шредер, Оқмасчид, Арабхона ва Қайнама шуда, барои ҳалли муаммо дар ҳар хонадон ташриф овардем. Ин гуна ҳаракат натиҷаи босамар дод. Зеро аз паси як муаммо якчанд муаммо дар ҷояш ҳалли худро ёфт. Бо мақсади ба ҳаёти оилавӣ тайёр намудани духтарон, пешгирии никоҳи ноболиғон, баланд бардоштани маданияти тиббии бонувон дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки вакилони оилаҳои намунавӣ, шифокору психологҳо вохӯрӣ мегузаронем.
- Боварӣ ҳаст, ки духтарон аз вохӯрӣ дар муассисаи таълимӣ панди ҳаёт мегиранд. Пеш аз ақди никоҳ низ занҳои кайвонӣ ба онҳо оиди эҳтироми падаршӯву модаршӯ ва шавҳар насиҳат мекунанд. Яъне духтарон аз илми арӯсӣ бохабар ҳастанд. Оё барои занҳое, ки соҳиби арӯс шуданианд, «Мактаби модаршӯҳо» ҳаст?
- Сухани дар қаъри дилам нуҳуфтаро гуфтед. Борҳо шоҳиди воқеаҳо шудем, ки бо гуноҳи модаршӯҳо оилаҳо вайрон мешавад. Аксар занҳои сарватпараст барои чизи ноарзандае дили арӯсро ранҷонида, байни зану шавҳари ҷавон низоъ мехезонанд. Аз ин рӯ, худ азм намуда будам, ки бо модаршӯҳо дар алоҳидагӣ тадбирҳо гузаронида, дар он модаршӯҳои намунавиро ҷалб кунем. Дарҳақиқат мактаби модаршӯҳо зарур аст.
- Ба фикрам, дар ҳамаи ҳолатҳои вайроншавии оилаҳо модаршӯро гунаҳкор кардан хатост. Аксар ҷавонон низ дар натиҷаи бесабрӣ хато мекунанд...
- Ҳангоми омӯхтани ҳаёти бонувон гувоҳи воқеа шудем, ки тааҷҷубовар аст. Зан се нафар фарзанди ноболиғашро ба шавҳар гузошта, ба кишвари хориҷ рафтааст. Падар бошад, ҳар пагоҳ аз болои фарзандҳояш дарвозаро баста, ба кор меравад ва бегоҳ бармегардад. Бачаякон аз зери дарвоза дастонашонро берун карда, хитоб намуданд: «Холаҷон, модарамро гӯед, аз Туркия баргарданд...» Ин ҳолат маро ба риққат овард. Корҳои зиёд дар пешанд. Илоҳо ҳар падару модар фарзандашро нигаҳбон бошаду фарзандон асои пирии падару модар. Ба модаршӯю арӯсҳо инсоф диҳад.
- Ба корҳои минбаъдаи шумо низ ривоҷ металабем.

Мусоҳиб
Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 08/06/2018 14:39;   Просмотров: 1255
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку