Имрӯзҳо ҳукумат барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ғамхорӣ менамояд. Оилаҳои кабизоат аз рӯйи эҳтиёҷашон ба "Дафтари ҷавонон" ва "Дафтари бонувон" дароварда шудаанд. Барои онҳо ёрӣ расонида мешавад. Барои ҳунаромӯзии вакилони ин дафтарҳо курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст. Банкҳо низ барои ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркориашон кредитҳои боимтиёз медиҳанд. Вале...
Зане дар хона фаъолияти дӯзандагиро ба роҳ мондааст. Мизоҷони зиёд дорад. Ҳунари худро ба шогирдон низ меомӯзад. Рӯзе ба хонаи дӯзанда рафтаму гувоҳи воқеаи аҷиб шудам.
- Келин, шумо аз дӯзандагӣ хабар доред, - мегуфт дӯзанда ба ҷавонзане. - Агар ба ороишоти либос ба ман ёрӣ диҳед, ҳаққи хизмататонро медодам. Ба шумо аз дигарҳо зиёд пул медиҳам. Агар хоҳед, ба кори дӯзандагӣ ёрӣ расонед, ҳар рӯз ҳаққи хизмат мегиред.
- Не, янгамулло, ба ман кор кардан мумкин не!
- Чаро? Магар ягон ҷоятон дард мекунад? Саломатиатон хуб? - бо хавотир пурсид дӯзанда.
- Ҳа, ман нағз. Фақат...
- Ҳама ҷоятон нағз бошад, чаро кор кардан мумкин не? Шумо гуфтанӣ, ки ҳомиладор ҳастеду ба шумо дӯзандагӣ мумкин не?
- Не-е, ду нафар фарзанд дорам. Ҳомиладор нестам.
- Ие, ин тавр бошад, сабаб чист? Дар кадом ҳолат кор кардан мумкин набудааст? Мо ҳам фаҳмем. - кунҷкобӣ намуд дӯзанда. - Шумо кор кунед, фоидаи худатон. Ба шавҳаратон ёрдам мешавад. Пулатонро барои эҳтиёҷи худатон ва фарзандонатон сарф мекунед. Пул ҷамъ кунед, зарар надорад.
- Ман агар кор кунам, пул намедиҳанд! - қатъӣ гуфт ҷавонзан.
- Гуфтам-ку, хоҳед, ҳаққи хизмататонро ҳар рӯз медиҳам.
- Не, шумо маро нафаҳмидед. Оилаи моро ҳамчун эҳтиёҷманд ба рӯихат гирифтаанд. Аз ҷониби маҳалла маҳсулоти хӯрокворию маблағ медиҳанд. Дар рӯзҳои ид ҳомиёну инсонҳои саховатпеша бо тӯҳфаҳои зиёд хабар мегиранд. Маслиҳатчии маҳалла гуфтанд, ки то бо кор таъмин шуданатон ёрӣ медиҳем. Маро дуруст фаҳмед, янгамулло, ман кор намекунам. Агар кор кунам, аз ин чизҳо маҳрум мешавам.
- Шавҳаратон чӣ?
- Ҳамсарам бо тавсияи маҳалла ба курси ҳунаромӯзӣ хонданд. Чанд кор пайдо шуд, рад карданд. Модоме, ки аз тарафи маҳалла ёрӣ меомадааст, ҷон коҳонда, меҳнат намудан чӣ лозим?!
Зан ин суханонро гуфта, берун баромад. Ҳозирон андешамандона ба якдигар нигаристанд.
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз?
Дилрабо НАСИМӢ.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.