
Дар шӯъбаи ноҳиявии Маркази парвариши рӯзонаи бачаҳои имконияташон маҳдуди “Имкон” қариб 50 нафар бачаи дорои нуқсони рушди ақлӣ ва ҷисмонӣ таълим ва тарбия мегирад.
Ин марказ дар доираи ҳамкории Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунад.
Дар арафаи 3-юми декабр - Рӯзи ногироён гурӯҳи эҷодкорони Самарқанд ба дидорбинии бачагони “Имкон” рафта, аз шеъру адабиёт сӯҳбат карданд.
- Ҳарчанд ин кӯдакон ба назар малӯлу ногироянд, онҳо фарзандони оилаҳои муттаҳид ва солиманд, - гуфт шоири шинохта Раҳимҷон Наимӣ. - Дилҳояшон ба шеър ошуфта ва чашмонашон пур аз муҳаббат аст. Бо онҳо сӯҳбат карда, дар қалби кас ҳиссиёти аҷиб ва шукргузорӣ бедор мешавад.
- Ман қариб бист сол сардори Ҷамъияти “Ногирон аёл” будам, - гуфт шоира Эътибор Маҳмудова. – бо шахсони имконияташон маҳдудуду қалбашон соф, борҳо дар мулоқот шудаам. Дилашон ба зиндагӣ гарм, ҳамеша сӯи мақсади неки худ ҳаракат доранд. Мехоҳанд барои ривоҷи ҷамъият ҳиссаи худро ҳамроҳ кунанд. Бо дили пок зиндагӣ карданро аз ҳаминҳо ёд гирифтан лозим.
Бачаҳо мисли Ӯлмасҷон, Шоҳрух, Амина, Самира, Тӯйчибек ва Шаҳризода шеър хондан ва рақс карданро аз мураббиён Умеда Расулова, Парвина Умарова, Зӯҳро Сафарова, Гулсара Исмоилова ва Баҳора Азизова меомӯзанд.
- Имкониятҳои бачаҳои ‘Имкон’ хеле зиёд аст, - иброз дошт сардори ҷамъият Ҷасур Раҳмонов. – Ҳоло мебинед, аз байни онҳо нависанда, рассом ва соҳибони дигар касбҳо бармеоянд. Барои ин ҳамкориро бо маркази ахбору китобхона боз ҳам мустаҳкам намудан лозим аст.
Озод ҲАМИДЗОДА.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.