Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИЛЛАТҲОЕ, КИ МОРО МЕХОЯНД

Иллатҳое, ки моро мехоянд гуфта Шумо шояд захму маризиҳоро гумон намоед? Ё худ бемориҳои силу саратон ва махавиро дар назар доред? Не, як дарде, ки аз инҳо ҳам бадтар ва ҷонхароштар, ки касро хонавайрону бекас месозад, мо - туркистониёнро новобаста аз шаҳриву деҳотӣ, ниммаданиву нимдаҳрӣ буданамон истилоъ намуда, тамоми зиндагиамонро рабуда, моро ба инқирозу таҳлука андохта, ба ҷаҳаннам мебарад, ду душмани қаттолро мегӯям, ки тӯй ва азо ном дорад.

Худованди меҳрубон дар Қуръони карим "Ло талаққу би ядикум ала таҳликкатиҳи", яъне бо дастони худ худро ба таҳлука наандозед, фармудааст. Мо бошем, бадбахтона ба амри Худованд амал накарда, дар сурати кофирӣ бо баҳонаи тӯйу азо, то ба дараҷаи нестӣ расиданамон ба одатҳои нолозима буду боши худро сарф ва исроф мекунем.
Дар яке аз шаҳрҳои маълум яҳудиён баъзан мурдаҳоро шабона оварда мегӯронанд. Барои чӣ? Рӯзона аз кор мемонанд. Мо бошем, барои мурда ва тӯй ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо аз кор мемонем. Ва ҳол он, ки Ҳазрати шореъи аъзам, пайғамбари акрам саллоллоҳи алайҳи васаллам мурдаро зуд гӯр карда, пас аз он дарҳол аз паи кор шудан ва мурдадоронро аз се рӯз зиёд азо надоштан, сиёҳ напӯшидан, чиркину фалокатбор набудан мефармоянд. Эй халқ! Эй мусулмонҳо! Мо барои чӣ ба суханони Худованду расули ӯ ва ба нафъи худ амал намекунем? Магар мо девонаем? Ё аз таклиф берунем? Барои Худо гӯед? Мо кистем?
Астағфурилло, субҳонолло. Беақлиҳое, ки миллати мо мекунад, боз кадом миллат такрор месозад? Никоҳ, хатна, ин ду бало чунин иллати сахт аст, ки аз он намурда, халосӣ ёфтан душвор. Дар шаҳрҳо одами миёнаҳол оне, ки хонаву боғ дорад, барои никоҳ ду ҳазор сӯм ва барои хатнаи писараш ҳеҷ набошад ҳазор сӯм сарф мекунад. Ҳар як одами бенавотарин низ дар ин маврид аз 200 сӯм то 1000 сӯм сарф месозад. Бой ва бойҳои зӯракӣ бошад панҷ ҳазору даҳ ҳазор сӯм сарф менамоянд. Охири кор чӣ мешавад мегӯед? Мулку ватани бобоии худро пас аз вафоти бойи зӯракӣ ихтиёран ба ягон аҷнабии яҳудӣ ё арманӣ фурӯхта, қарзи тӯй ва таъзияро медиҳанд. Агар худаш нафурӯшад, ба воситаи қозӣ ё суд мефурӯшад. Ин аст маънии сарлавҳаамон - "Иллатҳое, ки моро мехоянд", ки одатҳои ношоями девонаавзоиямон тӯю таъзияро дар бар мегирад.
Барои як дӯкондор, гулкор, косиби фақирҳол чунин тӯю таъзияҳо аз марг ҳам сахттар аст. Барои ин масъала ӯ ҳар рӯз як маротиба мемурад. Мурад ҳам аз он халосӣ наёфта, ин одати намешудагӣ ва мусибатро барои аҳли аёлу фарзандонаш ба мерос мегузорад. Хуб, бигзор моли худро ба тӯю азо сарф созад, барбод кунад, чашм барорад. Охир чаро пули бонкбударо, ки пули дигарон низ ҳаст, барбод месозад? Магар ин девонагии маҳз нест? Агар ин ҳолат 20-30 сол давом ёбад, замину ҳавлиҳо ба дасти аҷнабиён гузашта, аксарияти халқамон ба дараҷаи гадоӣ рӯй меоварад. Панҷоҳ сол пеш замин фурӯхта шавад, як мусулмон мегирифт, акнун дигарон мегиранд.
Мо як таноб заминамонро ба ивази 200 сӯм фурӯхта тӯй кунем, "заминро ба пули зӯр задем" гӯён маҷнунвор шод мешавем. Ба ин дараҷа ахмақии инсон аҷаб аст. Моро лозим аст, ки тӯй ва таъзияро ба тартиб дароварда, хурдакак, ба ҳоли қудратамон гузаронида, ояндаро фикр намоем. Вагарна, хору зору мунқариз гардиданамон чун тулӯи офтоб муқаррар аст…
Қола: эътабару йо аввал ул-абсар!
(Маҷаллаи "Оина", соли 1915, шумораи 13.
Мақола мухтасар омодаи чоп гардид.)

Таҳияи О.ХИЗРӢ


Дата добавления: 18/01/2019 15:26;   Просмотров: 1026
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку