Вақте ки модари арҷмандам , Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, яке аз машъалафрӯзони маориф дар ноҳияи Самарқанд Назирахон Маъмурова аз олам бармаҳал чашм пӯшиданд, падари то ин айём зиндадилу ҷавонхислатам, Собиқадори ифтихории соҳаи нақлиёт Эргашхон Маҳмудовро якбора пиру сарсафед дарёфтам. Дилаш ба умри модари азизам сахт месӯхт.
Шояд лаҳзаҳои аввали навхонадорӣ, таваллуди фарзандонашон - ману хоҳаракам Раънохонро ба хотир меовард. Наберагони аз оғӯши гарму навозиши нарми аз модаркалон маҳруммондаро дида, дилаш таҳ мекашид. Дар ин ноумедиҳо шавқи ӯро кор бедортару тану ҷонашро меҳнат болидатар медошт. Субҳи барвақт, ҳанӯз панҷаҳои хуршед надамида, сӯи коргоҳи деринааш - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди мусофиркашони "Ҷасур - С" раҳсипор мешуду то бегоҳ чун муҳандис-нозири техникии мошинҳо заҳмат мекашид.
Меҳнатдӯстиву заҳматписандӣ дар тинати падари арҷмандам ҳанӯз айёми бачагӣ дохил шудааст. Баробари хондан дар мактаби миёна ба рӯзгори волидайн мадад мерасонид. Дар хизмати ҳарбӣ низ пешсаф буд. Пас аз адои қарзи ҷавонмардӣ фаъолиятро аз челонгарии Автобазаи рақами 14 - и шаҳри Самарқанд оғоз бахшид. Барои зиёд намудани дониш ва маҳорату таҷриба донишҷӯйи Омӯзишгоҳи автомобилии Қӯқанд гардид. Ба вазифаҳои масъули автобаза кор кард. Барои пешсаф гардидани якчанд автобазаҳо ҳисса гузошт. Бо даъвати сардори Ҷамъияти "Ҷасур -С", ҷавонмарди корчаллон Сӯҳроб Нормуҳаммадов солиёни зиёд ба ин коргоҳ заҳмат кашид.
Ҳоло қиблагоҳам гашти пирӣ меронаду дар оилаамон шаҳсутун, дар маҳаллаамон - Хоҷа Аҳрори Валӣ яке аз фаъолон аст. Мо бо модари шодравон ва падари мехрубонамон ифтихор дорем. Имрӯзҳо соли падарам ба 63-и умр мерасад. Бигзор, синни Пайғамбарӣ муборак бошад, тавофи Каъбаву мартабаи ҳоҷигӣ насиб гардад.
Эркинҷон МАҲМУДОВ,
маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.