Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГУСТАРИШИ АДАБИЁТҲО

Боиси хурсандист, ки баъди сафари таърихии сарварони ду ҷумҳурияти ҳаммарз - Ӯзбекистону Тоҷикистон дар муносибатҳои ду кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Чанде пеш як гурӯҳ ходимони расонаҳои ахбори умуми кишварамон ба давлати ҳамсоя азми сафар намуда, ҳамкориҳо оғоз гардида буд. Дар доираи ҳамин робитаҳо ҳайати намояндагони мактаби мустақили хабарнигории "Тоҷикистон - асри XXI"-и Ҷумҳурияти Тоҷикистон аввал ба пойтахти мамлакатамон - шаҳри Тошканд ва сипас Бухорои шариф азми сафар намуда, сипас тавассути поезди тезгарди "Афросиёб" ба шаҳри мо омаданд.

Меҳмонони олиқадрро сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сардабири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник" Фармон Тошев, сарвари Садорати матбуот ва ахбори вилоят Манноб Ибодуллоев, сардабири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодур Раҳмонов ва дигарон самимона пешвоз гирифтанд.
Бегоҳии ҳамон рӯз меҳмонон дар майдони Регистон шуда, маҷмӯаро бо як олам ҳаяҷон тамошо карданд.
- Ман бори нахуст ба Ӯзбекистон меоям, - гуфт директори ширкати телевизиону радиои "ASIA-РLUS" Манижа Аҳмадова. - Бовар кунед, ки дар тӯли се рӯзи охир як олам таассурот гирифтам. Боздид аз марказҳои кӯҳнаи тамаддуни дунё - Самарқанду Бухоро орзуи ман буд, ки инак ҷомаи амал пӯшид. Ба ташкилотчиёни саёҳат як олам ташаккур!
Ҳайъати намояндагони расонаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон ба Хонаи матбуоти вилоят ташриф фармуданд. Боздиди онҳо аз осорхонаи матбуоти Самарқанд оғоз ёфт. Инчунин, бо фаъолияти рӯзномаҳои "Овози Самарқанд", "Зарафшон", "Самаркандский вестник" аз наздик шинос шуданд. Алалхусус, ба меҳмонон вохӯрӣ бо эҷодкорони ҳамзабон - "Овози Самарқанд" шавқангез буд. Сардабири рӯзнома Б.Раҳмонов доир ба комёбиҳои солҳои охири ҳамкорон иттилоъ дода гуфт, ки дар озмуни байналхалқии"Олтин қалам"-и ҷумҳурият ҷоиза гирифтан осон набуд. Ҳоло барои нигоҳ доштани шӯҳрати рӯзнома тамоми эҷодкорон як дилу як тан шуда, фидокорона меҳнат мекунанд ва баҳри гул-гулшукуфтани Ватани соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Хонаи матбуоти вилоят бо журналистони Самарқанд вохӯрии шавқангезу дилнишин баргузор гардид. Ба анҷуман Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Директори мактаби мустақили журналистони "Тоҷикистон - асри XXI" Сафо Сафаров таъкид кард, ки чанд сол мо аз якдигар ҷудо будем ва имрӯз хушбахтона, на танҳо сарҳадҳо, дилҳоро ба ҳам боз намудем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзӣ густариш хоҳад ёфт.
Дар Ширкати садо ва симои вилоят низ сӯҳбати хосса идома ёфт, ки дар он на танҳо журналистони Самарқанду Тоҷикистон, инчунин, тадбиркорону корчаллонҳо ширкат варзиданд.
- Камина ҳамчун аксбардор борҳо ба Самарқанд омада, бисёр албом таҳия намудам, - гуфт Алишер Пиримқулов. - Ва ҳар дафъа мавзӯи навро пайдо мекунам. Охир Самарқанд макони эҷоду илҳом аст. Боиси хурсандист, ки аксҳои ман на танҳо дар расонаҳои ахбори Тоҷикистон, инчунин, дунё паҳн мешаванд.
Сипас, ҷонишини сардабири рӯзномаи "Имрӯз Плюс" Назир Нусрат, муовини муҳаррири рӯзномаи "Хатлон" Носирҷон Маъмурзода, рӯзноманигор Афзалшоҳ Бобосолеев ва дигарон ба сухан баромада оиди таърих, дӯстии ду халқ ибрози фикр намуданд.
- Ман ҳамчун тадбиркор дар шаҳрҳои Исфара, Хатлон ва дигар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳамкорон дорам, - гуфт Заршед Муҳаммадиев аз ноҳияи Самарқанд. - Корхонаи мо ба истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, тухм ва чӯҷаҳои зотӣ машғул аст. Умед дорем, ки ҳамкорӣ мустаҳкам мешавад.
Меҳмонон дар доираи сафар ба Ӯзбекистон бо фаъолони коргоҳи автомобилии "СамАвто", ширкати коғазбарории "Конигил - мерос" шинос шуданд. Боздиди ёдгориҳои таърихии Самарқанд - мақбараи Амир Темур, расадхонаи Мирзо Улуғбек, мақбараи Хоҷа Дониёр низ ба меҳмонон таассуроти хотирнишин гузошт.
Бегоҳӣ дар назди пояи муҷассамаи бузургони адабиёти тоҷику ӯзбек, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ базми ғазалу суруд ба вуқӯъ пайваст.
Дар он шоирон Салим Кенҷа, Маҳбуба Неъматзода, Нормурод Каримзода, тадбиркори маърифатпеша Неъмат Раҳматзода ва дигарон ширкат варзида, дар бораи пойдории дӯстии халқҳо ва густариши адабиёти ду халқ фикрҳои ҷолиб гуфтанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Дата добавления: 21/06/2019 14:14;   Просмотров: 925
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку