Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФОИДАИ ХОКИСТАР

Ҳоло бештари хонаҳоро бо ҳезум ва ангишт гарм мекунанд. Аксари соҳибхонаҳо хокистари печро чизи бекора меҳисобанд. Хокистарро дар ҳама соҳа истифода бурдан мумкин аст.

Солҳои пеш, ки ҳанӯз воситаҳои гуногуни ҷомашӯӣ пайдо нашуда буд, занҳо аз хокистар истифода мебурданд. Ин анъана дар баъзе хонадонҳо идома дорад.

Хокистарро аз элак ё ғалбер гузаронида, ба халтачаи аз матои суфдӯхташуда меандозанд. Халтачаи хокистардорро дохили оби гарм мегузоранд. Пас аз таҳшин шуданаш бо ҳамон об ҷомашӯӣ мекунанд. Бо ин усул доғҳои сиёҳ ва равғанро равондан осон аст.

Инчунин, дар шустани дегу зарфҳои хӯрокпазӣ аз хокистар истифода мебаранд. Барои ин чанд муддат зарфро дар оби хокистардор тар карда мемонанд, сипас, латтаро ба хокистари хушк тар карда, дегро мешӯянд.

Барои нест кардани бӯйи пешоб аз кӯрпаҳои бачагон хокистар воситаи хуб аст. Ба ҷойи пешобрехта аввал дока паҳн карда, аз болояш хокистар рехта чанд муддат нигоҳ доранд, бӯйи бадро мегирад.

Хокистар барои замни корам ғизои фоидабахш аст. Заминро мӯътадил сохта, ҳосилнокиро зиёд мекунад. Дар як ҷойи замин аз ҳад зиёд рехтани хокистар зарар дорад. Беҳтараш хокистарро ба рӯйи замини корам пошидан мувофиқи мақсад аст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон дар хокистари ангиштсанг калсий бисёр аст. Дар натиҷаи ба замин пошидани хокистар дар замин миқдори азоти лозима зиёд мешавад ва фаъолияти микроорганизмҳои дар онбуда фаъол мегардад. Деҳқонон дар зери як квадрат метри пояи картошка 60-100 грамм ва нахӯд 200 грамм хокистар мерезанд. Хокистарро бо поруи ҳайвонот ва қум омехта, ба замин рехтан мумкин. Аммо бо поруи парранда, оҳак ва ғизоҳои азот ба замин рехтан тавсия карда намешавад. Дар гармхонаҳо бо об омехта рехтани хокистар самараи хуб медиҳад.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 06/01/2017 11:26;   Просмотров: 1633
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку