Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ҚӮШМАСҶИД

Аброр Мамадқулов 2-юми январи соли 1957 дар гузари Мисгарони маҳаллаи Қӯшмасҷид дар оилаи марди фозил Маҳмадқул Ҳамроқулов ва муаллима Саида олимова ба дунё омадааст. Мактаби рақами 37-и зодгоҳашро соли 1975 хатм карда, донишҷӯи Омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи Макаренкои шаҳри Самарқанд гардидааст. Фаъолияти меҳнатиро аз соли 1977 аз муаллимии тарбияи ҷисмонии мактаби зодгоҳаш сар кардааст. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ муаллимиро дар мактаби рақами 47-и собиқ ноҳияи Сиёб давом дода, он ҷо то соли 1984 омӯзгорӣ кардааст. Ва ҷамоати омӯзгорон ва кумитаи тарбиятгарони мактаби 37 Аброр Мамадқуловро боз ба муаллимии мактаби 37 даъват намуданд. Ва ин ҷо то соли 2005 муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд. Дар ин байн бо корҳои ватанхоҳии сардори шӯъбаи мизи ҳарбии собиқ Ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Даштакиболо, аз соли 1993 то соли 2003 раиси маҳаллаи Қӯшмасҷид буд. Дар ҳама ҳолат муаллимиро тарк накард. Ва ҳамеша бо мардуми Қӯшмасҷид буд. Аз ин рӯ, дар интихоботи сарварони маҳаллаҳо, ки соли 2016 баргузор шуд, Аброр Мамадқуловро раиси маҳаллаи Қӯшмасҷид интихоб намуданд.
Аброр Мамадқулов сарвари оилаи маърифатпарвар ва намунавист. Бо ҳамсараш Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, роҳбари оқилаву доно Мунаввара Мамадқулова (Мирзоева) фарзандон – Фарангис, Фирдавс ва Меҳрангезро мувофиқи замон тарбия намуда, маълумоти олӣ додаанд. Ҳашт нафар набера давомдиҳандагони амали неки бобову бибӣ ҳастанд.

- Раиси мӯҳтарам, маҳаллаи Қӯшмасҷид бо таърихи куҳан ва фарзандони некномаш дар ноҳияи мо обрӯву эътибори ҷудогона дорад. Шояд масъулияти нигоҳ доштан ва аз он ҳам боло бурдани шӯҳрати маҳаллаи овозадор гарон бошад...
- Дарҳақиқат, бунёди маҳаллаи Қӯшмасҷид ба асри XVIII вобастагӣ дорад. Пеш аз ин масҷиди обод, ки ҳоло чун бинои кумитаи маҳалла ва маркази маънавият ва маърифат хизмат мерасонад, дар он тарафи шоҳроҳи бузурги Самарқанд – Термиз, қариб дар рӯ ба рӯи масҷиди имрӯза, аниқтараш дар ҷои ҳавлии дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, олими адабиётшинос, шодравон Малик Адашев боз як масҷиди куҳанбунёде мавҷуд будааст. Сад ҳайф, ки он дар замони роҳбарии сарварони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ба замин яксон гардидааст. Ин масҷидро бошад, бо баҳонаи ошхонаву чойхона ва филиали мактаби рақами 37 нигоҳ доштаанд. Агарчӣ масҷид ҳоло танҳо аст, ба ифтихори он масҷиди аз байнрафта номи Қӯшмасҷид абадист. Барои сулҳу салоҳи ватан, саводнокии мардум падарбузургон ва модарони муқаддаси мо заҳмат кашидаанд, ки номи онҳоро халқи имрӯзаи Қӯшмасҷид аз хотир намебарорад. Инчунин, ёди неки номбардорони маҳалла аз ҷумлаи Абдуфаттоҳ Абдуллоев, Музаффара Абдуллоева, Ворис Абдуллоев, Рафоат Маъруфӣ, Асрор, Мардон Салоевҳо, Абдукарим Ғаниев, Малик Адашев, Ҳабиб Бақоев ва дигарон дар дилу дидаҳост. Имрӯзҳо Даврон Аҳроров, Нусрат Раҳмат, Раҳмат Арслонов, Аброр Эргашев, Ҷамшед Абдуллоев барин ҷоннисорон барои ободонии маҳалла бо дуо ва корномаи худ заҳмат мекашанд. Бахусус, барои ободии кӯчаҳо хизмати депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят Ҷамшед Абдуллоев назаррас аст.
Дуруст гуфтед, ки маҳаллаи мо дар ноҳия яке аз деҳаҳои сераҳолӣ ҳам ҳаст. Зиёда аз 4100 нафар мардум дар 650 хоҷагӣ, яъне 955 оила умр ба сар мебарад.
- Раиси мӯҳтарам, дар ҳудуди маҳалла ҳавлиҳои намунавӣ бунёд мегарданд. Кори сохтмон осон нест. Магар барои иҷрои ҳамаи ин ташвишҳо шумо ва аъзоёнатон вақт меёбед?
- Дар кумитаи маҳалла ҳашт комиссия фаъолият дорад. Нақшаи ҳамаи онҳоро қариб ҳар рӯз назорат мекунам. Боз ҷоизадори нишони сарисинагии «25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон», ҷонишини раиси маҳалла Ҷамшед Бозоров, сарвари нурониёни маҳалла, марди тақводор Орзу Муҳаммадиев, бибиотун Қаноат Очилова, маслиҳатчӣ Лола Раззоқова, котиба Гулрухсор Ғаффорова ва сарварони кӯчаҳо ба ман аз наздик ёрӣ мерасонанд. Дар он 62 коттеҷ - ҳавлии намунавӣ пеш аз ҳама 15 оила аз муҳаллаи мо ҷой гирифт. Барои бо гази балонӣ, оби нӯшокӣ ва чароғи барқӣ таъмин гаштани аҳолии маҳалла чораҳо андешидаем.
- Аброрака, имрӯзҳо лоиҳаи қонуни танзими тӯй ва маросимҳои дафн эълон гардида, мавриди муҳокима қарор меёбад. Назорати онро Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бар ӯҳдаи худ гирифтааст. Ин масъала дар Қӯшмасҷид чӣ гуна ҳалли худро меёбад?
- Пеш аз ҳама бояд эътироф намоям, ки барои мардум фаҳмондани ҷиҳатҳои мусбии ин қарор осон набуд. Зеро халқ ба кисаи худ набошад ҳам, бо роҳи қарз тӯй карданро одат донистааст. Боз мехоҳад аз тӯйи фарзандаш ҳафт маҳалла хабар ёбад. Мо аввало тӯйи фаъолу сарватмандонро бо иштироки 150-200 нафар гузаронида, ба дигарон намуна кардем. Гуфтем, ки агар аз тӯй пулатон зиёдатӣ кунад, барои рӯзгори фаровон ва ояндаи фарзандатон сарф намоед. Агар ду қудо бо ҳам маслиҳати соз кунанд, ҳоҷат ба миёнараву даллолони бахти фарзанд намемонад. Маъракаҳои азодорӣ низ ба қолаби муайян даромадааст. Мешунавам, ки дар баъзе ҷойҳо бегоҳиҳои се рӯзи аввали азодорӣ мардум ба табақҳо навъҳои гуногуни хӯрокро оварда, меҳмонони азодорро зиёфат мекунанд. Мо пеши ин қоидаи нонавиштаро гирифтем. Ҳоло ҳар як фарди маҳалла аз рӯзи ҷаноза сар карда, то рӯзи сеюми азодорӣ ба як нафар шахси наздики азодор аз панҷ то 25 ҳазор сӯмӣ пул медиҳад ва номи худро ба дафтари махсус сабт менамояд. Мо бо он пул бозорӣ карда, дастархони серӯзаи азодорро пурфайз мекунем. Пешину бегоҳӣ таомҳои якхела мепазонем. Рӯзи худоӣ низ дастархонороӣ аз ҳамин ҳисоб мешавад. Худ тасаввур кунед, ҳар пазанда ҳар хел таом тайёр мекунад. Барои 50-60 нафар хӯрокҳои ҳархеларо пешкаш намоед, хоҳ нохоҳ ба табақи якдигар нигоҳ мекунад. Гӯё оши онҳо камгӯшту камравған асту дигарон таоми болаззат мехӯранд. Ба як назар ин ҳодисаи оддӣ намояд ҳам, ба хиҷолатмандии маъракадорон сабаб мешавад. Пули боқимонда бошад, барои рӯзҳои дигари азодорӣ сарф мегардад.
- Маҳалла бо фарзандони некаш, ки ояндасоз ҳастанд бояд ифтихор намояд. Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар кадом сатҳ аст?
- Аксарияти кӯдакони маҳалла дар муассисаи таълими томактабии рақами 27, ки мудираш Баҳора Баҳриева аст, тарбия меёбад. Мактаби рақами 37 макони асосии донишандӯзии фарзандони мост. Инчунин, бачаҳоямон дар маҳфилҳои гуногуни варзишиву маънавӣ ва ҳунармандӣ иштирок менамоянд.
- Раиси мӯҳтарам, чанде пеш 9-уми май Рӯзи хотира ва қадршиносӣ баргузор гардид. Дар маҳаллаи Қӯшмасҷид низ собиқадорони меҳнати паси ҷанг, иштирокдорони ҷанги Афғонистон ҳастанд...
- Мо он рӯз пеш аз ҳама ба зиёрати қабри даҳҳо нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки аз деҳаи Қӯшмасҷид ба фронт рафтаанд, ба қабристони Мазори қадим шитофтем. Сонӣ, аз ҳоли меҳнаткашони паси фронт, пирони барҷомонда Барно Мелиева, Шаҳобиддин Комилов, Қосим Ҳасанов, Муаззам Рауфова, Марҳабо Ҳамроқулова, Саломат Наҷмиддинова, Шарофат Рауфова, Садрӣ Алоҳиддинов, Хуррам Ҳоҷиев, инчунин, «афғонҳо» Фарҳод Шукуров, Шокир Умаров, Собир Мухторов, Акбар Қобилов, Эркин Ҷӯрақулов, Сироҷ Салоев, Ӯктам Фатҳиддинов, Ҷӯрақул Амонов, Ӯктам Тӯхтаев хабар гирифтем. Дар арафаи ин рӯзи таърихӣ яке аз фаъолони маҳалла Сӯҳроб Рустамович Шарифов, ки фарзандаш Исмоилҷонро тӯи суннатӣ медод, аз хонаи Меҳрубонии рақами 10-и шаҳри Самарқанд 30 нафар писараконро оварда, қатори фарзандаш тӯй кард. Ба ҳар яки онҳо либосҳои пурқимат пӯшонида, ба номашон дар банк дафтарчаи амонатӣ кушод ва пул гузаронид, ки он аз қадршиносии инсон далолат медиҳад.
- Раиси мӯҳтарам, дар корҳои минбаъдаи аҳли маҳалла муваффақиятҳо хоҳонем. Барои сӯҳбат ташаккур.

Мусоҳиб
Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 25/05/2018 15:42;   Просмотров: 1099
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку