Таи як ҳафта дар тамоми маҳаллаҳои ҷумҳурияти Ӯзбекистон зери шиори "Эъзози пиронсолон, эҳтиром ба онҳо фазилати беҳтарини халқи мост" тадбири маънавиву маърифатии "Ҳафтаи пиронсолон" доир гардид. Бо баҳонаи ин тадбир пиронсолон бо ҳам наздиктар шуданд, бо бозиҳои варзишӣ машғул гардиданд, ба зиёрати ёдгориҳои таърихӣ баромаданд. Шифокорони қитъа аз ҳоли сиҳатмандии пиронсолон огоҳ шуданд.
Қисми ниҳоии тадбири гулбоғиён дар мактаби рақами 17-и ноҳия баргузор гардид. Нурониёни маҳаллаи Гулбоғ меҳмони мактаб шуда, айёми наврасиву ҷавониашонро ба ёд оварданд. Хонандагон шеъру суруд хонданд, рақсу бозӣ намуданд. Саҳначаҳои ҳаҷвӣ меҳмононро хушҳол гардонид. Шогирдони мактаб чистон мегуфтанду пиронсолон бо шавқ ҷавоб меҷустанд. Ғолибон тӯҳфа мегирифтанд, ба саволҳои бачаҳо посух медоданд.
- Дар тадбир иштирок намуда, беихтиёр ба олами бачагӣ сайр кардам, - гуфт собиқадори меҳнат Болтақул Турсунови 85-сола. - Дилам аз нав ҷавон гашт. Ба ташкилотчиён изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ташаккурномаи ҷонишини вазири дастгирии маҳалла ва оила Содиқҷон Турдиев ба сарвари нурониёни деҳаи Гулбоғ Орзуқул Мансуров кайфияти пиронсолонро болида гардонид. Раиси маҳалла Озодҷон Хидиров низ ҳар як пири хиради деҳаро, ки барои ободӣ ва тарбияи насли наврас хизмати босазое мекунад, бо ташаккурнома тақдир гардонид. Муборакбодӣ ва суханони депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, фарзанди ҳамин маҳалла Зафарҷон Зайниддинов, ҷонишини директор доир ба масъалаҳои маънавият ва маърифати мактаби рақами 17 Лола Шодиқулова, ки гузаронидани чунин тадбирҳоро ба нафъи кори маҳалла, оила ва ҳамкорӣ бо мактаб иброз намуданд, писанди ҳозирон гардид.
Пиронсолон бо дили кашоли сӯҳбат бо ҳамдигар ва умеди боздиди наздик сӯи хонаҳошон равон гаштанд.
Дилрабо НАСИМӢ.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.