Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАРГУЗАШТИ ПИСАРХОНДИ АЙНӢ

Яке аз фарзандони асили Самарқанд, писархонди устод Садриддин Айнӣ, ташкилкунандаю посдори Хона-музейи устод Айнӣ, эҷодкори соҳибэҳтиром Абдукарим Ғанизода дунёи фониро тарк намуд.

Абдукарим Fанизода (Fаниев) соли 1936 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 16 - и зодгоҳ дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд хондааст. Муддате дар мактабҳои таълими умумии вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд омӯзгорӣ кардааст.
Соли 1966 дар Осорхонаи таърихи санъат ва маданияти халқҳои Ӯзбекистон (дар шаҳри Самарқанд) ҳамчун ходими илмӣ адои вазифа намуда, соли 1967 дар таъсиси Хона - музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок намуда, сониян мудири он шудааст.
Абдукарим Fанизода аз овони донишҷӯӣ ба шеъру адабиёт майлу рағбати зиёде дорад. Беҳтарин шеърҳояш дар маҷмӯаи "Меҳрнома" (соли 2003) гирд оварда шудаанд. Як қатор шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ ба табъ расидаанд.
Соли 2014 китоби калонҳаҷми ӯ бо номи "Кошонаи бахт" манзури хонандагон гардида буд. Китобҳои "Махзани илҳом" ва "Ба ҳазор дароӣ" давоми мантиқии ин китоб аст.
Хабари хуши нашри китоби навбатиаш "Ҷони ширин"-ро шунида, нусхаи нишонаи онро дида, Абдукарим Ғанизода хеле шод шуда буд. Вале афсӯс насиб накард, ки бо соядасти худ китобро ба дӯстону наздикон тақдим намояд. Беғашона ханданду ба дилҳо меҳр ҳадя кунад.
Абдукарим Ғанизода дар тӯли умри бобаракоти худ дар ташкили Хона-музейҳои зиёде саҳм гузошт. Даргоҳи устод Айниро ободу файзбор намуд. Аз худ чандин китобҳои ёддоштию шеърӣ боқӣ гузошт. Номи неку кори некаш солҳои зиёд дар ёди мардум мемонад.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба аҳли хонадон ва пайвандону наздиконаш ҳамдардӣ изҳор намуда, дуои он мекунем, ки макони охираташ обод бошад!

Маркази миллию
фарҳангии тоҷикони
вилояти Самарқанд,
Ҳайати таҳрири рӯзномаи
"Гулобод тонги" -
"Субҳи Гулобод"


Дата добавления: 05/08/2020 11:24;   Просмотров: 694
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку