Ҳар боре, ки меҳмони хонадони онаҷонам мешавем, дар сари дастархон дуо мекунанду мегӯянд: "Илоҳо, тинҷиамон абадӣ бошад, ба истиқлолияти давлатамон чашми бад нарасад...
Баъдтар аз забони калонсолон фаҳмидам, ки то давраи истиқлол ҳунармандон пинҳонӣ кор мекарданд. Ҳатто аксар ҳунарҳои миллӣ фаромӯш шудааст. Ҳоло бошад, барои ривоҷи ҳунармандӣ имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Барои ҷавонон аз ҷониби бонкҳо кредитҳои боимтиёз дода мешавад.
Аз хурдсолӣ ба ҳунари гаҷкорӣ дил бастам. Аз устодам - сокини маҳаллаи Янги ҳаёт Ҳусейнака асрори ҳунар омӯхтам. Пас аз хатми мактаби миёна бо дуои устодам мустақилона ба фаъолият шурӯъ кардам.
Аввали соли ҷорӣ дар маҳаллаи Қавчинон устохона кушодам. Ҳамроҳи наврасони соҳибҳунар Ихтиёр, Шоҳҷаҳон, Икром, Лазизҷон, Абдухолиқ ва Сардор намудҳои гуногуни гаҷро месозем. Хеле хурсанд мешавем, ки бо ҳунари мо манзилҳо ободу зебо мегардад. Ифтихор дорем, ки фарзанди диёри соҳибистиқлол ҳастем. Роҳбари давлатамон ба мо боварӣ доранд ва барои мо дари имкониятҳоро боз намудаанд. Фарзанди муносиби ватан мешавем.
Хеле сарфарозам, ки имсол бори аввал дар маъракаи интихобот иштирок мекунам. Ман низ соҳиби ҳуқуқҳои конститутсионӣ ҳастам. Овози ман низ дорои аҳамият аст.
Вақте ки супориши мизоҷонро ба охир мерасонем, онҳо аз корамон мамнун гардида, дуо мекунанд: "Илоҳо корҳоятон пешрав шавад, чашми бад нарасад"
Далер САМАДОВ,
маҳаллаи Қӯшкӯпрук
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.