Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО ҒАМИ РӮЗНОМА

Имрӯзҳо мавсими обуна ба нашрияҳои даврӣ дар авҷ аст. Дар яке аз чунин рӯзҳои пурдолузарб ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриятии "Овози тоҷик", муовини раиси Маркази милливу мадании тоҷикони Ӯзбекистон, аъзомухбири Академияи байналхалқии илмии экология, бехатарии инсон ва табиат (дар Санкт-Петербург) Тоҷибой Икромов ба Самарқанд ташриф фармуда, меҳмони идораи "Гулобод тонги" шуд. Аз фурсат истифода бурда, мухбири рӯзнома Раҳимҷон Наимӣ бо меҳмон сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем:

- Тоҷибой Чимировичи мӯҳтарам, аввало ба идораи рӯзномаи мо хуш омадед...
- Ташаккур. Аз дидани идораи рӯзномаатон хеле хурсанд шудам. На ҳамаи идораи газетаҳо чунин бино ва имкониятро соҳиб аст. Маълум мешавад, ки аҳли идора бо сарварии муҳаррир хеле ҷоннисорӣ намудаанд.
- Имрӯзҳо мавсими обуна давом дорад. Шояд мурод аз ташрифатон ба Самарқанд низ ҳамин масъала бошад?
- Бале. Рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳурият имрӯз ба хонандагони асил ниёз дорад. Ноҳияи Самарқанд, ки аз азал бо мардумони маърифатдӯсташ ном баровардааст, боварӣ ҳаст, ки ба ин амали хайр ҳиссагузор мешавад. Дар ҳокимияти ноҳия, вохӯриҳо дар ҷойҳо, хусусан дар мактаби рақами 16 маро дилпур намуданд, ки сафи обуначиён меафзояд. Ба ибораи дигар ҳоло рӯзноманигорон дар ҳама ҷо бо ғами рӯзнома мегарданд.
Ҳайъати таҳрири рӯзнома аз рӯйи нақшаи сармуҳаррир Шерпӯлод Вакилов дар соли 2019 навигариҳои зиёдеро дохил кардаанд. Инчунин, агар мо ҳоло "Овози тоҷик"-ро эҳтиёт накунем, фардо дер хоҳад шуд.
- Насиб бошад ҳамзабонони самарқандӣ албатта муроди дили шуморо ҳосил мекунанд.
Барои сӯҳбат ташаккур.


Последнее редактирование: 23/11/2018 14:09;   Просмотров: 1086
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку