Бештар лаблабуи сурх хӯред
* Лаблабу хосияти ҷавонгардонӣ дорад. Зеро кислотаи фолий дар таркиби он барои ташаккули ҳуҷайраҳои нав дар бадани инсон замина фароҳам меорад.
* Истифодаи лаблабу барои беморони гирифтори вазни зиёдатӣ ва моил ба ҷамъшавии зиёдатии об (варам) дар баданашон хеле муфид аст.
* Лаблабу на танҳо хунро, балки гурда ва ҷигарро низ тоза мекунад.
* Ин сабзавот токсинҳои заҳролудро аз бадан хориҷ мекунад. Аз ин сабаб майна равшан кор мекунад.
* Лаблабу аз ҳисоби миқдори зиёди витамини В девори рагҳои хунро мустаҳкам мекунад.
Инчунин, ин сабзавот барои гипертония, атеросклероз ва дигар бемориҳои дилу раг тавсия дода мешавад, зеро он хунро тоза карда рагҳоро васеъ мекунад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.