Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚАРЗИ МАРД

Мумкин ин гуфтор ба баъзе мардҳо намефорад, вале чӣ кунем, ки ҳақиқат аст. Ба заифатон нописандона рафтор карда ба худ гуноҳ нагиред.

Дар поён мисоли хурдакакеро дида мебароем. Вақте ки завҷаатон дар китф сачоқ, ба дасти шумо об мерезад, дар ҳамин вақт оё қомататонро рост карда аз завқи ширин ба фалак кад кашиданро нахостаед!? Вақте ки шуморо аз боло гузаронида, худаш дар пойгаҳ мешинад, худро подшоҳвор ҳис накардаед!? Монанди дарахти бодоми пургул, олиҳае бо сари хам ба хонаи шумо дохил шуда, ҳаёту мамоташро ба шумо бахшида, ба остонаи сахти шумо сар монда зиндагӣ оғоз мекунад, оё бо ин ҳурмат сари шумо ба осмон намерасад!? Он чизҳое, ки дили худаш мехоҳад, як сӯ гузошта, таъоми ба шумову падару модаратон маъқулро мепазад. Чойи хостаи шуморо дам карда меорад. Бо хости шумо дастархон рост мекунад...! Ин худ мукофоти осмонӣ баҳри шумо нест магар!? Зан ҳузури худро фаромӯш карда мехохад, ки шумо дар ҳаловат бошед, чунки нағз медонад, ки аз хурсанд кардани шумо, худо ҳам хурсанд мешавад.
... Аммо хурсандии ӯ ин бори дӯши шумо аст. Шумо низ ба ивази меҳнатҳояш меҳри ӯро дар як тарафи қалб гиреҳ карда монед. Неъмати худо меваи умр аз тамоми ҷисми модар ва аз тамоми вуҷуди ӯ канда шуда меомада ин ба шакли фарзанд аст. Мавҷудотест, ки тамоми ҷисми модарро чангзанон бо ҳолате, ки дастонаш дар мушт гиреҳ аст, ба дунё меояд. Мӯъҷизаро бинед, ки ҳоло чашмонаш нокушодаву дар рӯи шиками модар ҷустуҷӯи ширхӯрӣ мекунад. Барои ҳамин ҳам фарзандро "душмани ширин" меномидаанд. Ба воя расонидани фарзанд ин худ як корзори бузурге будааст, ки модар қаҳрамони ин корзор аст. Лекин сад оҳу сад воҳ, ки бо ҷафоҳои зиёд фарзандро модар калон мекунаду номашро ба номи мард ФАЛОНЧИЗОДА меноманд.
ҲАЗРАТИ МАРДАК! Зан меваи ширини шуморо зиёд мекунам гӯён худ ноаён ба вайрона мубаддал мешавад. Ҳусну таровати гули бодомиашро гум мекунад. Ӯ барои давомдиҳии ному насаби шумо ва канда нашудани занҷири насли шумо ҷони ширинашро дареғ намедорад. Ӯ барои ҷони худро дареғ надоштан баҳри обрӯи шумо оё ба ҳурмат лоиқ нест? Зани нуқсдорро ҳурмат кардан, иззаташро ба ҷо овардан ин нишонаи марди ҳақиқӣ будааст. Барои розигии худоро ба даст овардан занро эҳтиёт кардан шарт будааст. Агар дасти ба ин олиҳаи хоксор бардоштаатонро пас партоед, ба раҳмати худо лоиқ мешудаед. Ба забоне, ки ин олиҳаи ҷаннатро ҳақорат доданӣ мешавед, фаровез андозед. Рӯзҳое, ки дар бораи тани сиҳати ӯ фикр накардед, рӯзҳои бади ҳаёт ном баред. Дили нозуки ӯро, ки аз меҳр холист, танҳо шумо метавонед бо меҳри ширин пур кунед. Даме, ки ӯ дар атрофи шумо гирдгардон аст, ин маънои онест, ки ба шумо муҳаббат изҳор карданист. Не вай фақат ҳамсари худро хурсанд карданист ва дар бораи хушнудии шумо ҳамеша дар ҳаракат аст, чунки ин корро барои худ фарз меҳисобад. Агар ба фарзандатон дилсӯзӣ карданӣ бошед, вазифаи падариро ба ҷо меорам гӯед, ҷони модари фарзандатонро ҳурмат кунед. Занҳоро фақат одамони бузург ҳурмат карда метавонистаанду халос.
Офтоб дар асл дуто будааст, яке дар само, дигар бо номи МОДАР дар замин аст. Яъне ӯ манбаи нур аст, қалбҳоро бо нураш гарм месозад. Бемодар, бехоҳар, беҳамсар буданро тасаввур кунед, болои сар якчанд офтоб нур пошад ҳам баҳоратон хазонро мемонад. Ширинӣ ба талхкомӣ мубаддал мешавад. Аз мардон ҳурмат талаб кардан ин маънои онро надорад, ки баҳои занро бардорем, балки аз зан қарзҳои бисёр доштанамонро бояд фаромӯш накунем. Баъди бо мард рӯбарӯ шудани зан аз се қадаме, ки мемонад, дутоаш азоб будааст. Аммо ба зан сабру тоқатро худо худаш ато кардааст. Инро зан ҳамчун тарзи оддии зиндагӣ қабул кардааст. Миннат намекунад, оҳу фиғон намебардорад ва ҳеч гоҳ ҳурмат кардани худашро аз шавҳар намепурсад. Агар рафту ҳурмат бинад бо ҳайрату ҳаяҷон чун мукофот қабул мекунад. Худро баъзан ба ин муносиб надида хиҷолат хам кашида мемонад. Ҳамин худаш оё бузургии ӯ нест? Зан дар ҳама ҳолатҳои вазнин дегатонро ҷӯшонида, чароғи хонаатонро даргиронида мегардад. Ҳатто дар ҳолати ҳомиладорӣ низ оромӣ надорад. Кӯдак азоб медиҳад, худ дар азоб аст, лекин бо умеди рӯзҳои нек ҳамаро фаромӯш карда, боз аз паи кори худ мешавад.
Бекор "пояш вазнин" намегӯянд, пойҳояш варам, миёнаш канда шавам мегӯяд, лекин ором намешавад, дар хизмати рӯзгор аст. Акнун гӯед ки ба фикри шумо ба ӯ ҳурмат нашавад, ба кӣ мешавад? "Чашмаш равшан" шудааст, мегӯянд, ин маънои калон дорад. Дар давоми таваллуд ӯ як бор бо гӯри торик рӯ ба рӯ шуда бармегаштааст, ӯ тамоми шақарроси дандону устухонҳояшро ҳис карда, дарди ҷонкоҳ мекашад, ки ин танҳо ба худо аён аст. Ҷонаш аз қолабаш бароям мегӯяду ӯ бошад:
- Ҷон духтурҷон, чӣ кунед ҳам кӯдакро зинда гиред, гӯён фарёд мекунад. Худашро фикр намекунад, хаёлаш бо фарзандаш, ҷигарбандаш банд аст.
Акнун гӯед, ки ҳурмат ба зан - модар нашуда, ба кӣ шавад? Қалби модар ҳатто дар зери хок ҳам ёди фарзанд мекардааст...

Зарина НУРИДДИНОВА,
мудири шӯъбаи
ақди никоҳи ноҳия. (ЗАГС)


Дата добавления: 13/08/2021 13:29;   Просмотров: 575
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку