Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАМНАФАС БУДАНД, ҲАМПАҲЛӮ ШУДАНД

Модар, бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ,

Ҷонам фидои рӯи ту, манзил муборакат.
Модар, бихоб, каъбаи ман чини рӯи туст,
Қурбони хоки кӯи ту, манзил муборакат.

Расо як моҳ қабл аз ин мардуми сарбаланди Оҳалик бо сӯзу гудоз собиқадори таълими халқи Ӯзбекистон, пири комили деҳа Ҳусейнбобо Ғиёсови 93-соларо ба роҳи охирин гусел карда буданд.

Рӯзи ҳафтуми сентябри соли равон ҳамсари ӯ Саломат Расулова низ чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Ҳолдонҳо, ки ба ҷанозаи маит омада буданд, байни худ гуфтанд, ки ҳар ду якдигарро дӯст медоштанд, ки ҳамсараш тарки дунёи фонӣ кардааст.
Воқеан, онҳо расо 65 сол қабл аз ин ақди никоҳ баста, сипас дар ноҳияи Фархори Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо таълиму тарбияи насли наврас машғул шуданд. Пас аз соҳиби ду нафар фарзанд гардидан ба зодгоҳ омаданд ва дар мактаби рақами 18-уми Оҳалик бо касби омӯзгорӣ умргузаронӣ карданд.
Гарчанд карантин аст, ҳамкасбону шогирдон ва хешу пайвандони бешумор барои ба роҳи охирин гусел кардани Саломат Расуловаи шодравон назди ҳавлии ӯ ҷамъ омаданд.
Нахуст директори мактаби рақами 18, ки муаллима он ҷо солҳои тӯлонӣ дарс гуфтааст - Ашӯрбой Шомаҳмадов нисбати хислатҳои неки устод ҳарф зад.
Пас аз адои намози ҷаноза ҳозирон тобути марҳумро рӯи дасту рӯи китф гирифта, ба қабристони деҳа бурданд. Қабри ӯро дар паҳлӯи ҳамсараш канда буданд, турбаташро гузоштанд.
Вай ҳамнафас буд, ҳампаҳлӯ шуд.
Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба аҳли оилаи марҳума ҳамдардии самимона изҳор намуда, аз Парвардигор сабри ҷамил мепурсем. Илоҳо, руҳаш шод ва хонаи охираташ обод бодо!

Мирзозоҳири ҲАМДАРД
Баҳодури ЗОҲИР,
деҳаи Оҳалик


Последнее редактирование: 16/09/2020 10:09;   Просмотров: 645
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку