Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЛВИДОЪ, ОЛИМИ ИЛМИ ДАҚИҚ!

Дугоникҳо (эгизак) хислати аҷиб доранд. Ба пойи яке хоре халад, дуюмӣ ноором мешавад. Агар наздик бошад, кори бахайр. Мераваду аз ҳоли ҳамшиками худ хабардор мегардад. Ёрие лозим бошад, мадад мекунад… Вале, агар набзи дили яке берабт занад, қалби дуюмӣ беҳолу бемадор мегардад. Инро руҳшиносон исбот намуданд.

Воқеан, ҳамин ҳолат ба қарибӣ ба ҷисму ҷони адибу рӯзноманигори варзида, мухбири махсуси рӯзномаи "Овози тоҷик" дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода рух дод.
Рӯзе саҳарӣ дили пуртуғёну ҳассоси журналисти бебок сахт тапиду хаёлаш мағшуш гардид. Аз чӣ бошад, фикру зикраш сӯйи додари арҷмандаш, дугоники ҳафтодуяксолааш, доктори фанҳои физика-математика, корманди Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии шӯъбаи сибирии Академияи фанҳои Русия ки дар шаҳри Новосибирск Тоҳир Ҳасанов банд шуд. Рӯзгори пуршебу фароз, олами бачагӣ, донишҷӯӣ, азоби мусофирати додар пеши назар омад. Ба хотир овард, ки ин ҳама сарнавишти додарашро дар қиссаи "Зафар", ки хонандагон бо шавқ истиқбол гирифтанд, баён сохтааст. Ҳоло қисса давом дорад, боз нашр хоҳад шуд. Зоҳир шӯху чолок буду Тоҳир ҳар корро ба тарозуи ақлу адаб гузошта, рафтор мекард. Бисёр мешуд, ки бо ин хислаташ фанд мехӯрд. Он бачагӣ буд. Ҳоло…
- Ту дар "Зафар"-ат маро "машҳур" кардӣ, ман ҳам қиссаи тарҷумаиҳолии "Фалсафаи ҳаёт"-ро навишта истодаам, - гуфт рӯзе ӯ ба Зоҳир Ҳасанзода, - афсӯс, асар нотамом монд...
Чашми рӯз кафиду ба додари дурафтодааш занг зад. Гӯшакро касе набардошт. Сахт ошуфтаҳол шуд. Ҳис кард, ки додараш бемор аст. Чун фикрашро ба додараш, тадбиркори номӣ Рустамака гуфт, фаҳмид, ки аз сабаби нав аз беморӣ фориғ гардидани Зоҳир Ҳасанзода ба вай коронавируси "Ковид-19" дучор гардидани Тоҳир Ҳасанов ва ҳолати бад доштани ӯро нагуфтаанд. Ҳатто ба аёдати бародар сӯи Новосибирск равона шуд хоҳар Шоиста, додар Рустам чипта ҳам гирифтаанд. Вақте Зоҳирака ба таҳлука афтода равона шуданӣ буд, гуфтанд, ки монда мешавед, роҳ дур аст, паёматонро ба дугоникатон мерасонем…
Пас аз се рӯзи парвози хоҳару додар, ки аз паи шифоёбии бародар шудаанд, субҳгоҳон хабари марги Тоҳир Ҳасанови олими илми дақиқ ба Самарқанд расид… Баъди як рӯз турбати ӯро оварданду аз қатори волидайни хеш дар мазористони зодгоҳ - Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷой доданд.
Зиёда аз нисфи умри азизи Т.Ҳасанов дар мусофират, дур аз ватан ва ҳамватанон, хешону пайвандони қадрдонаш гузашта бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ онҳоро аз ёдаш набароварда, бо хаёлу хумори онҳо зиндагӣ кард, дур-дур бошад ҳам омада аз сӯҳбатҳои дилнавози онҳо баҳраманд мешуд, рӯҳи тоза мегирифт, аз пешравию гул-гулшукуфии ватанаш олам-олам завқ мегирифт. Номи ӯ дар байни олимони риёзидони Русия дар қатори пешсафҳо ҷой дошт.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ аз пайванди ҷону якдигар ба аҳли хонадони омӯзгор, ходими намоёни давлативу ҷамоатӣ, Ҳасан Наҷмиддинови шодравон ҳамдардӣ изҳор мекунем. Руҳи олими илми дақиқ Тоҳир Ҳасанов шод, хонаи охираташ обод бод!

Нормурод КАРИМЗОДА,
Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 29/09/2021 12:12;   Просмотров: 593
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку