Санаҳои муҳими ҳаётӣ на танҳо барои инсон, балки барои муҳити атроф ва ҳамкорону шогирдон низ аҳамияти махсус доранд. Имсол яке аз чеҳраҳои барҷастаи соҳаи маориф ва ҷамъиятӣ — Раҳимов Ифтихор Самадович — ба синни пурифтихори 60-солагӣ мерасад.
Ифтихор Самадович шахсияти шинохтаест, ки бо меҳнати пайваста, муносибати инсондӯстона ва масъулияти баланд миёни ҳамкорон ва ҷомеа мақоми сазовор пайдо кардааст. Ӯ на танҳо мутахассиси варзида, балки шахсе мебошад, ки бо фазилатҳои инсонии худ барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.
Раҳимов Ифтихор Самадович фаъолияти касбии худро соли 1988 оғоз намуда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун хизмат кардааст. Солҳои охир ӯ ҳамчун масъули ташкилотчии Иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи вилояти Самарқанд фаъолият дорад. Зери роҳбарии ӯ корҳои зиёде дар самти беҳтар кардани шароити меҳнат, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгор анҷом ёфтаанд.
Фаъолияти Ифтихор Самадович танҳо ба доираи вазифаҳои расмӣ маҳдуд намешавад. Ифтихор шахси меҳнатдӯст аст. Ӯ шахсест, ки бо дили кушода, муҳаббати инсонӣ ва диди нек ба мардум муносибат мекунад. Бо садоқат ба Ватан, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ӯ ҳамеша ҷонибдори пешрафт ва навовариҳо мебошад.
Ҳоло Ифтихор Самадович дар вазифаи масъули ташкилотчии Иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи вилояти Самарқанд кор мекунад. Зери раҳбарии ӯ як силсила барномаҳои муҳим дар самти ҳимояи манфиатҳои кормандони маориф, беҳтарсозии шароити меҳнат ва мусоидат ба рушди касбӣ ва маънавии онҳо амалӣ мегарданд. Ифтихор Самадович ҳамеша ҷонибдори навовариҳо ва беҳбудии соҳаи маориф буда, кӯшиш мекунад, ки ҳар як мушкилотро бо таҷриба ва дониш ҳал кунад.
Дар ҳаёти ҳар инсон оила муҳимтарин ва муқаддастарин макон аст, ки ба одам нерӯи зиндагӣ мебахшад. Бо расидан ба синни пурифтихори 60-солагӣ, мо фахр мекунем, ки чунин инсон на танҳо ҳамчун корманди соҳаи маориф ва ҷамъиятӣ, балки ҳамчун падар, шавҳар, бобо ва узви барӯманди оила намунаи ибрат аст. Падарам барои мо на танҳо намунаи ибрат, балки манбаи муҳаббат, сабр ва қувват ҳастанд.
Оила барои ман муқаддас аст. Мукаддас он аст, ки сарфи назар аз он ки дар куҷое кор кунам, агар ба тарбия дар оила, муҳити оила, муносибат ва эътибори махсус надиҳем, ҳеч гоҳ натиҷае ба даст намеояд! – мегӯяд, Ифтихор Раҳимов.
Ҳар як оила бо меҳру муҳаббат ва муносибатҳои самимӣ бо нафарони наздикаш зебо ва устувор мегардад. Ман, ҳамчун келини оилаи Раҳимов, мехоҳам чанд суханро ба муносибати падари арӯсам — Раҳимов Ифтихор Самадович иброз кунам.
Рӯзи аввале, ки ман ба хонаи онҳо омадам, Ифтихор Самадович бо меҳрубонӣ ва самимият маро қабул кард ва ин барои ман нишонаи бузургтарин эҳтиром буд. Ӯ бо як табассум ва суханони гарм ҳисси хонадонро ба ман эҳсос дод.
Ифтихор Самадович инсонест бо хислатҳои воло ва нодирро сощиб аст. Ӯ на танҳо падарест бо меҳру шафқат, балки як раҳбари оқил ва доно дар оила аст. Хислатҳои ӯ, аз қабили садоқат, бофарҳангӣ, сабр ва ҳусни одоб ба ҳамаи аъзои оила намунаи ибрат мебошанд.
Ман ба Ифтихор Самадович барои дастгириашон ва роҳнамоиҳои ҳидоятгаронаш арзи сипос мекунам. Ӯ бо суханони пур аз муҳаббат ва чашмони пур аз меҳрубонӣ ҳамеша моро ба сӯи фаҳмидани ҳақиқат ва хубӣ ҳидоят мекунанд.
Ифтихор Самадович на танҳо падар, балки дӯст ва роҳнамои ҳар яки мо мебошанд. Ман ифтихор мекунам, ки дар оилаи онҳо келин ҳастам. Ҳар сол, дар иди модарон ё дигар маъракаҳои оилавӣ, Ифтихор Самадович бо кӯшишҳои зиёд омода кардани идро ба як чорабинии хотирмон табдил медиҳанд, ки ин алоқаи оилавиро устувор мекунад.
Мо фарзандон меҳнати падарарӯсамро қадр намуда, бо номи “Боғи меҳру илму эҷоду адаб” ном китобе ба ҷашни 60 – солагиашон омода кардем. Китоб оид ба ҳаёт фаъолияти Ифтихор Раҳимов бахшида мешавад.
Аз номи тамоми аъзои оила Ифтихор Самадовичро бо ин синни муборак самимона табрик гуфта, дар ин рӯзи фархунда барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҳама корҳо барори рӯзгор орзу мекунам. Маҳз бо кӯмаки чунин шахсиятҳои бузург оила ва ҷомеа устувор мемонад ва рушди онро таъмин мекунад.
Асалмоҳ САРХАТЗОДА.
Copyright © 2025. Гулобод тонги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.